Ӯҳдадориҳои асосӣ
- Омода намудан ва пешниҳод кардани ҳисоботи муҳосибӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ва Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар доираи салоҳияти шуъбаи муҳосибот.
- Назорати дуруст ва сари вақт ҳисоб намудани музди меҳнат, пардохтҳои ба он алоқаманд ва ӯҳдадориҳои андозӣ.
- Назорати фаъолияти муҳосибон, аз ҷумла муҳосиби моддӣ ва муҳосиби масъули ҳисоббаробаркунии музди меҳнат.
- Назорати дуруст ва сари вақт инъикос намудани амалиётҳои хоҷагию молиявӣ дар баҳисобгирии муҳосибӣ.
- Назорати ҳисоббаробаркуниҳо вобаста ба кортҳои пластикӣ ва гузаронидани санадҳои муқоисавӣ бо таъминкунандагони дахлдори хизматрасонӣ.
- Омода намудани ҳуҷҷатҳо ва маълумоти зарурӣ барои аудити дохилӣ ва берунӣ, санҷишҳои андоз ва дигар санҷишҳо.
- Назорати сари вақт баррасӣ намудани дархостҳо ва мактубҳои мақомоти назоратӣ ва пешниҳоди маълумот ба сармуҳосиб оид ба иҷрои онҳо.
- Иштирок дар омӯзиш ва такмили ихтисоси кормандони шуъбаи муҳосибот, расонидани ёрии методӣ ва баланд бардоштани сифати баҳисобгирии муҳосибӣ.
- Иштирок дар таҳия ва такмили сиёсатҳо, тартиботи дохилӣ ва дастурамалҳои мансабӣ вобаста ба баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисобот.
- Таъмини ҳамкорӣ бо дигар сохторҳои ширкат оид ба масъалаҳои баҳисобгирии муҳосибӣ.
- Иҷро намудани вазифаҳои сармуҳосиб дар давраи ҳузур надоштани ӯ.
Талабот ба довталаб
- Маълумоти олии касбӣ дар соҳаи баҳисобгирии муҳосибӣ, аудит ё молия.
- На камтар аз 3 сол таҷрибаи корӣ дар шуъбаи муҳосиботи ташкилоти молиявӣ (бонк, ташкилоти маблағгузории хурд ё ташкилоти қарзии молиявӣ).
- Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ.
- Дониши хуби хаттӣ ва шифоҳии забони англисӣ бартарӣ ҳисобида мешавад.
- Донистани барномаҳои Microsoft Word, Excel, Access ва 1С.
- Масъулиятшиносӣ, бодиққатӣ, поквиҷдонӣ ва малакаи хуби ташкилотчигӣ.
- Малакаҳои хуби муошират, қобилияти кор дар гурӯҳ ва ҳалли саривақтии масъалаҳои корӣ.
Масъулият ва рушди касбӣ
- Огоҳ будан аз тағйиру иловаҳо ба қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрӣ дар соҳаи фаъолияти бонкӣ, андозбандӣ ва муносибатҳои меҳнатӣ.
- Таъмини дурустӣ ва саривақтии амалиётҳои муҳосибӣ ва омода намудани ҳуҷҷатҳои дахлдор.
- Сари вақт огоҳ намудани сармуҳосиб дар бораи тағйироте, ки ба фаъолияти шуъбаи муҳосибот таъсир мерасонанд.
- Омодагӣ барои дар ҳолати зарурӣ иваз намудани сармуҳосиб ва дигар кормандони шуъбаи муҳосибот.
Вазифа дар Саридораи ҶДММ ТАҚХ ФИНКА дар шаҳри Душанбе ҷойгир хоҳад буд. Шароитҳои кор ва музди меҳнат дар алоҳидагӣ муҳокима карда мешаванд. Танҳо номзадҳое, ки ба талабот ҷавобгӯянд, барои мусоҳиба даъват карда мешаванд.
Лутфан дархостҳои худро (резюме бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ё англисӣ) то 12 ноябри соли 2026 ба суроғаи ш. Душанбе, кӯч. Ҷаббор Расулов 9, идораи ТАҚХ “ФИНКА” ё ба суроғаи электронӣ: hr@finca.tj ирсол намоед (дар сатри мавзӯи мактуб номи вазифаро нависед), телефон барои маълумот: (44) 600 23 23