Табиби Тиби оилавӣ баҳри гузаронидани муоинаи тиббӣ
|
Мӯҳлати пешкаши дархост:
|
то 31 ноябри 2026 сол.
|
|
Маълумоти касбӣ:
|
Маълумоти олӣ ва ё миёнаи тиббӣ.
На кам аз 3 сол таҷрибаи корӣ аз рӯи ихтисос.
|
|
Макони ҷойгиршавӣ:
|
Шаҳритус, Носири Хусрав
|
|
Ҳисобот пешниҳод мешавад ба:
|
Муовини директори ташкилот
|
|
Навъи шартнома:
|
Шартнома барои пешкаши хизматрасонии муваққатӣ.
|
|
Шартҳои кор:
|
3 моҳ дар оғози соли 2027
|
Good Neighbors созмони ғайритиҷоратии байналмилалӣ оид ба рушди башардӯстона буда, соли 1991 дар Корея Ҷанубӣ таъсис ёфтааст. Good Neighbors дар 50 кишвари ҷаҳон фаъолият менамояд ва барои рушди ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон ва ҳавасмандгардонии эътимоднокии ҷомеа сару кор дорад. Созмони Good Neighbors (GNT) дар ҶТ аз соли 1998 фаъолият намуда, барои беҳтар кардани зиндагии мардум, махсусан кӯдакон тавассути омӯзиш, рушди ҷомеа ва ҳамчунин лоиҳаҳои кӯмаки башардустона фаъолият менамояд. Good Neighbors (GNT) дар ҶТ бо ҷонибҳои асосии манфиатдор, аз қабили Вазорати маориф, Вазорати тандурустӣ, Вазорати меҳнат ва муҳоҷират, Кумитаи кор бо занон, мақомоти маҳаллӣ, ташкилотҳои байналмиллалии рушд, СММ ва оҷонсиҳои донорӣ аз қабили Иттиҳоди Авруппо, GIZ, UNICEF, WFP, SCO ва ғайраҳо ба тариқи пайваст кардани ҷамоатҳои камбизоат ва осебпазир ба таҳсилоти босифат, тандурустӣ, таъмини об ва хизматрасониҳои беҳдоштӣ- санитарӣ фаъолият менамояд Дар мувофиқа бо ҳадафҳои мо, Good Neighbor боварӣ дорад, ки ҳама ҳуқуқҳои инсонии одамон бояд эҳтиром карда шаванд. Мо дарк мекунем ва вазифадорем, ки ҳуқуқҳои онҳоро ҳифз кунем ва ҳама гуна зиёнро пешгирӣ намоем. Аз ин рӯ, Good Neighbors нисбат ба ҳама гуна амале, ки боиси зарари ҷисмонӣ, ҷинсӣ, равонӣ, зӯроварӣ, истисмор ва зӯроварии эмотсионалӣ мегардад, махсусан барои кӯдакон (ҳар шахси зери синни 18-сола), занон ва калонсолони осебпазир таҳаммулнопазир аст. Ҳифз ва муҳофизат аз истисмор ва сӯиистифодаи ҷинсӣ (PSEA) масъулияти муштараки ҳама ба ҳисоб меравад ва аз тамоми кормандон ва шарикони GN талаб карда мешавад, ки Кодекси рафтори GN-ро ҳам дар вақти корӣ ва ҳам берун аз он риоя намоянд. Шинос шудан бо ва риояи Сиёсати ҳифзи кӯдакон ва калонсолон ва Кодекси рафтори GN оид ба ҳифзи бехатарӣ, илова бар омӯзиши ҳатмӣ, як талаботи муҳим нисбати тамоми кормандон ва шарикони ташкилот ба ҳисоб меравад . Ҳама кормандон ва шарикон бояд боварӣ ҳосил намоянд, ки онҳо банди мазкурро пурра дарк намудаанд ва мувофики он амал мекунанд, лутфан ба https://www.goodneighbors.org/who/account нигаред.
Good Neighbors дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоти байналмилалии хайриявӣ буда, фаъолияти он дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шаш Лоиҳои Рушди Ҷомеа (ЛРҶ) дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва беҳдошт, баланд бардоштани некуаҳволӣ ва рушди ҷомеа, ҳифзи кӯдак ва дигар соҳаҳо пеш бурда мешавад. Фаъолиятҳои ташкилот дар доираи Тафоҳумномаи ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тафоҳумномаи ҳамкорӣ бо, ки аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, пеш бурда мешавад. Дар доираи фаъолияти худ, ташкилот тасмим гирифтааст, ки ташхиси ҳамасолаи тиббии кӯдакони сарпарастро, бо мақсади муайян намудани вазъи саломатии онҳо гузаронад. Ташкилоти Good Neighbors дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Табиби Тиби оилавӣ баҳри гузаронидани муоинаи тиббӣ ба кор қабул мекунад.
Вазифаҳои асосӣ:
· - Гузаронидани муоинаи тиббӣ ва машварати тиббӣ ба кӯдакони сарпарасти лоиҳа.
- Гузаронидани арзёбии ибтидоии вазъи саломатӣ ва муайян намудани мушкилоти эҳтимолии саломатӣ, ки ба муоина ва ё ба ёрии минбаъдаи тиббӣ ниёз доранд.
- Мусоидат ба муайянсозии бармаҳал ва пешгирии бемориҳои маъмул дар байни кӯдакон, наврасон ва оилаҳо.
- Дар ҳолатҳои зарурати муоинаи иловагӣ, ташхис ё табобати махсус, равона намудани баҳрабардорон ба муассисаҳои дахлдори тиббӣ ё табибони мутахассис.
- Мусоидат ба Лоиҳаҳои зерин дар пешбурд ва нигоҳдории дурусти ҳуҷҷатҳо ва маълумоти марбут ба саломатӣ.
- Пур намудани варақаҳои муоинаи тиббӣ, сабтҳои машваратҳои тиббӣ, варақаҳои равонакунӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои тиббие, ки аз ҷониби ташкилот талаб карда мешаванд.
· - Пешниҳоди машварат ва маълумоти касбӣ ба гурӯҳи лоиҳа оид ба масъалаҳои марбут ба саломатӣ дар доираи вазифаҳои муайяншуда.
· - Саривақт ва дақиқ нигоҳдорӣ ва навсозии ҳуҷҷатҳои лоиҳа, аз ҷумла кортҳои муоинаи тиббии кӯдакони сарпарастшаванда ва махзани маълумот (database) дар компютер.
· - Пешниҳоди ҳисоботи ниҳоӣ оид ба иҷрои вазифа дар охири давраи ду моҳи фаъолият, ки маълумот дар бораи фаъолиятҳои анҷомдодашуда, натиҷаҳои асосӣ, мушкилоти ошкоршуда ва тавсияҳо барои дастгирии минбаъдаи соҳаи тандурустиро дар бар мегирад.
-
-