Вақти пурра
Ҳуқуқшиносӣ
Менеҷер оид ба барқароркунии қарзҳои ғайритавозунӣ
views81 тамошо
responses0 дархост
Музди меҳнат:Бо мувофиқа
06.10.2026
CompanyLogo
ООО МДО "ФИНКА"
Душанбе
starRed0

Дар бораи вакансия

Мӯҳлат то20.11.2026
ҶойгиршавӣДушанбе, 734000, Таджикистан
ID #765

Маҳоратҳои зарурӣ

Зеркаши бизнес
Иқноъ

Тавсиф

Вазифаҳои асосӣ:

· идора ва ҳамоҳангсозии фаъолиятҳо дар самти барқароркунии қарзҳои ғайритавозунӣ;

· назорат ва баҳодиҳии фаъолияти коллекторони минтақавӣ, ҳуқуқшиносон ва телеоператорон;

· идоракунии сандуқи қарзҳои ғайритавозунӣ;

· таҳлил ва мониторинги натиҷаҳои барқароркунии қарзҳо;

· таҳия ва пешниҳоди ҳисоботҳо ба роҳбарияти ташкилот;

· назорати иҷрои нақшаҳои корӣ ва нишондиҳандаҳои кормандон;

· ташкил ва гузаронидани омӯзишҳои касбӣ барои кормандон;

· ҳамкорӣ бо судҳо, мақомоти иҷро ва дигар мақомоти давлатӣ;

· иштирок дар таҳия ва такмили стратегия, расмиёт ва равандҳои барқароркунии қарзҳои ғайритавозунӣ.

Талабот ба номзадҳо:

· таҳсилоти олӣ дар соҳаи ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ, молиявӣ, соҳибкорӣ ё менеҷмент;

· на камтар аз 5 сол таҷрибаи корӣ дар соҳаи бонкӣ ва молиявӣ;

· на камтар аз 3 сол таҷрибаи корӣ дар вазифаи роҳбарӣ;

· таҷрибаи корӣ дар самти барқароркунии қарзҳои мушкилситон ва қарзҳои ғайритавозунӣ;

· таҷрибаи ҳамкорӣ бо мақомоти судӣ, хадамоти иҷро ва дигар мақомоти давлатӣ;

· таҷрибаи иштирок дар мурофиаҳои судӣ;

· малакаҳои хуби таҳлилӣ, ташкилӣ ва гуфтушунид;

· қобилияти таҳияи ҳисоботҳо, нақшаҳо ва маводҳои таҳлилӣ;

· дониши хуби Microsoft Word, Excel, PowerPoint, Outlook, 1С ва барномаҳои соҳавӣ;

· донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ; донистани забони англисӣ бартарӣ мебошад;

· малакаҳои хуби роҳбарӣ, муошират ва идоракунии гурӯҳ.

Вазифа дар Саридораи ҶДММ ТАҚХ ФИНКА дар шаҳри Душанбе ҷойгир хоҳад буд. Шароитҳои кор ва музди меҳнат дар алоҳидагӣ муҳокима карда мешаванд. Танҳо номзадҳое, ки ба талабот ҷавобгӯянд, барои мусоҳиба даъват карда мешаванд.

Лутфан дархостҳои худро (резюме бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ё англисӣ) то 21 октябри соли 2026 ба суроғаи ш. Душанбе, кӯч. Ҷаббор Расулов 9, идораи ТАҚХ “ФИНКА” ё ба суроғаи электронӣ: hr@finca.tj ирсол намоед (дар сатри мавзӯи мактуб номи вазифаро нависед), телефон барои маълумот: (44) 600 23 23

Маълумоти бештар дар бораи ташкилот

CompanyLogo
ООО МДО "ФИНКА"

ООО МДО ФИНКА предоставляет микро-кредиты и финансовые услуги предпринимателям малого бизнеса в 26 регионах Республики Таджикистан и планирует активное расширение деятельности и регионального присутствия, а также внедрение новых банковских продуктов. ООО МДО ФИНКА является членом международной сети FINCA Impact Finance (г. Вашингтон, округ Колумбия, США), в которую входят 14 микро-финансовых учреждений и банков, расположенных по всему миру.

Вакансияҳои дигарҲамаи вакансияҳоarrow-right-red