Полная занятость
Аналитика и работа с данными
МУТАХАССИСИ КАЛОН ОИД БА ТАҲЛИЛ
views93 просмотра
responses2 отклика
Зарплата:По договорённости
05.10.2026
CompanyLogo
ZET-MOBILE
Душанбе
starRed0

О вакансии

Действует до24.10.2026
ID #760

Необходимые навыки

Анализ данных
Бизнес-анализ
Собственные навыки

Описание

ҶДММ «ТАКОМ» - оператори ватании алоқаи мобилӣ, ки таҳти бренди ZET – Mobile фаъолият намуда, барои мизоҷони худ хизматрасонии алоқаи муосир, аз ҷумла телефонияи мобилӣ, собит ва интернет, ҳамчунин қарорҳои инноватсиониро барои бизнес ва ҳаёти ҳаррузаи мизоҷони худ пешниҳод менамояд, номзадҳои арзандаро барои ишғоли вазифаи Мутахассиси калон оид ба таҳлил баррасӣ менамояд!

МУТАХАССИСИ КАЛОН ОИД БА ТАҲЛИЛ

Вазифаҳои асосӣ:

↗ Ҷамъоварӣ, тозакунӣ ва коркарди маълумот аз манбаъҳои гуногун, аз ҷумла DWH, CRM, Billing, ERP ва дигар системаҳо;

↗ Таҳия ва автоматизатсияи ҳисоботҳо оид ба нишондиҳандаҳои калидӣ: ARPU, Churn, Net Adds, Usage, Revenue ва ғайра;

↗ Таҳлили рафтори муштариён: сегментатсия, таҳлили когортӣ, funnel, нигоҳдорӣ ва ғайра;

↗ Иштирок дар моделсозии пешгӯӣ ва муайян намудани тамоюлҳо, мавсимият ва аномалияҳо;

↗ Визуализатсияи маълумот бо истифода аз Oracle BI, Power BI ва Tableau, таҳия ва нигоҳдории дашбордҳо;

↗ Дастгирии ташаббусҳои маркетингӣ ва маҳсулотӣ аз нуқтаи назари таҳлили додаҳо;

↗ Ҳамкорӣ бо шӯъбаҳои Marketing, Sales, Product, B2B ва IT;

↗ Омода намудани таҳлилҳо ва маводи презентатсионӣ барои роҳбарият. Талаботҳои асосӣ:

Таҷрибаи корӣ ҳамчун Business Analyst / BI Analyst / Data Analyst — аз 2 то 3 сол;

Таҷриба дар соҳаҳои телеком, Retail, Banking ё E-commerce афзалият дорад;

Донистани нишондиҳандаҳои асосии тиҷоратӣ дар соҳаи телеком: ARPU, Churn, LTV, CPA, ROI, Data Usage ва ғайра;

Донистани Power BI / Tableau / Excel / MySQL;

Донистани забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ;

Тафаккури қавии мантиқӣ ва таҳлилӣ;

Диққати баланд ба ҷузъиёти хурд;

Тафаккури стратегӣ;

Қобилияти хуби муошират ва кор дар даста;

Омӯзишпазирӣ ва қобилияти мутобиқшавӣ.

Бартарияти мо:

§ Музди меҳнати рақобатпазир;

§ Барасмиятдарорӣ мутобиқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини тамоми кафолату имтиёзҳои ҳатмии иҷтимоӣ;

§ Офис дар маркази шаҳр;

§ Реҷаи кории мусоид 09:00 – 18:00, 5/2;

§ Музди меҳнати рақобатпазир;

§ Таъмини алоқаи мобилии корпоративӣ ва шароити имтиёзнок барои оила ва дӯстон;

§ Дигар ҷубронҳо ва имтиёзҳо тибқи тартибот ва низомномаҳои дохилӣ;

§ Имконияти рушд ва пешрафти касбӣ.

Номзадҳои манфиатдор метавонанд дархост / маълумотномаи (CV) худро ба почтаи электронии корпоративии job@zet-mobile.com то 25 октябри соли 2026 ирсол намоянд. Телефон барои тамос: +992 91 905 0189 (танҳо дар вақти корӣ).

Ҳангоми ирсол намудани дархост хоҳиш карда мешавад, ки номгӯи вазифаи холии “ МУТАХАССИСИ КАЛОН ОИД БА ТАҲЛИЛ ” дар мавзӯи мактуби электронӣ нишон дода шавад.

Ба мусоҳиба танҳо номзадҳое даъват карда мешаванд, ки ба талаботҳои вазифа ва Ҷамъият ҷавобгӯ мебошанд.

Подробнее о компании

CompanyLogo
ZET-MOBILE

ООО «ТАКОМ» - национальный оператор мобильной связи, работающий под торговой маркой ZET - Mobile, предлагающий своим клиентам современные услуги связи, включая мобильную и фиксированную телефонию и интернет, а также инновационные решения для бизнеса и повседневной жизни своих клиентов.

Другие вакансииВсе вакансииarrow-right-red