Полная занятость
Маркетинг
КОРШИНОС ОИД БА МАРКЕТИНГИ МАҚСАДНОК
views87 просмотров
responses1 отклик
Зарплата:По договорённости
05.10.2026
CompanyLogo
ZET-MOBILE
Душанбе
starRed0

О вакансии

Действует до24.10.2026
ID #759

Необходимые навыки

Работа в команде
Глубокое обучение
Собственные навыки

Описание

ҶДММ «ТАКОМ» - оператори ватании алоқаи мобилӣ, ки таҳти бренди ZET – Mobile фаъолият намуда, барои мизоҷони худ хизматрасонии алоқаи муосир, аз ҷумла телефонияи мобилӣ, собит ва интернет, ҳамчунин қарорҳои инноватсиониро барои бизнес ва ҳаёти ҳаррузаи мизоҷони худ пешниҳод менамояд, номзадҳои арзандаро барои ишғоли вазифаи Коршинос оид ба маркетинги мақсаднок баррасӣ менамояд!

КОРШИНОС ОИД БА МАРКЕТИНГИ МАҚСАДНОК

Вазифаҳои асосӣ:

↗ Таҳия ва татбиқи стратегияҳои маркетинги мақсаднок бо истифода аз маълумоти муштариён ва таҳлили рафтори онҳо;

↗ Таҳлили сегментҳои муштариён ва муайян намудани гурӯҳҳои мақсаднок барои пешниҳоди маҳсулот, хизматрасониҳо ва пешниҳодҳои маркетингӣ;

↗ Таҳия ва роҳандозии маъракаҳои маркетингии мақсаднок тавассути SMS, USSD, каналҳои рақамӣ ва дигар воситаҳои дастрас;

↗ Омода намудани интихобҳои муштариён (target audience) мутобиқи меъёрҳои муайяншуда ва талаботи маъракаҳои маркетингӣ;

↗ Мониторинг ва таҳлили натиҷаҳои маъракаҳо, баҳодиҳии самаранокии онҳо ва таҳияи пешниҳодҳо оид ба беҳтар намудани натиҷаҳо;

↗ Гузаронидани таҳлилҳои муқоисавӣ ва A/B-тестҳо барои муайян намудани пешниҳодҳо ва механизмҳои самараноки маркетингӣ;

↗ Ҳамкорӣ бо воҳидҳои маркетинг, фурӯш, IT, таҳлилӣ ва дигар сохторҳои дахлдор ҳангоми таҳия ва татбиқи маъракаҳо;

↗ Омода намудани ҳисоботҳо, таҳлилҳо ва тавсияҳо оид ба натиҷаҳои маркетинги мақсаднок ва саҳми онҳо дар афзоиши даромад, нигоҳдории муштариён ва истифодаи маҳсулот.

Талаботҳои асосӣ:

Маълумоти олии касбӣ дар соҳаи маркетинг, иқтисод, молия, таҳлил, IT ё соҳаҳои ба ин монанд;

Ҳадди ақал 2–3 сол таҷрибаи корӣ дар соҳаи маркетинг, маркетинги мақсаднок, таҳлили маълумот, CRM ё телекоммуникатсия;

Донистани принсипҳои сегментатсияи муштариён ва target marketing; малакаи таҳлил ва кор бо маълумоти калон; фаҳмиши KPI-ҳои маркетингӣ; қобилияти таҳлили натиҷаҳои маъракаҳо ва гузаронидани A/B-тестҳо; таҳияи ҳисоботҳо ва хулосаҳои таҳлилӣ;

Донистани забони русӣ — хуб; забони англисӣ — сатҳи миёна ё болотар;

MS Excel — сатҳи хуб/баланд; Power BI ё дигар воситаҳои визуализатсияи маълумот; CRM ва системаҳои таҳлили муштариён; донистани SQL — бартарӣ ҳисобида мешавад;

Тафаккури таҳлилӣ, масъулиятшиносӣ, диққат ба ҷузъиёти кор, ташаббускорӣ, қобилияти кор бо ҳаҷми зиёди маълумот, натиҷагароӣ, қобилияти кор дар гурӯҳ ва муоширати хуб.

Бартарияти мо:

§ Музди меҳнати рақобатпазир;

§ Барасмиятдарорӣ мутобиқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини тамоми кафолату имтиёзҳои ҳатмии иҷтимоӣ;

§ Офис дар маркази шаҳр;

§ Реҷаи кории мусоид 09:00 – 18:00, 5/2;

§ Музди меҳнати рақобатпазир;

§ Таъмини алоқаи мобилии корпоративӣ ва шароити имтиёзнок барои оила ва дӯстон;

§ Дигар ҷубронҳо ва имтиёзҳо тибқи тартибот ва низомномаҳои дохилӣ;

§ Имконияти рушд ва пешрафти касбӣ.

Номзадҳои манфиатдор метавонанд дархост / маълумотномаи (CV) худро ба почтаи электронии корпоративии job@zet-mobile.com то 25 октябри соли 2026 ирсол намоянд. Телефон барои тамос: +992 91 905 0189 (танҳо дар вақти корӣ).

Ҳангоми ирсол намудани дархост хоҳиш карда мешавад, ки номгӯи вазифаи холии “ КОРШИНОС ОИД БА МАРКЕТИНГИ МАҚСАДНОК” дар мавзӯи мактуби электронӣ нишон дода шавад.

Ба мусоҳиба танҳо номзадҳое даъват карда мешаванд, ки ба талаботҳои ва

Подробнее о компании

CompanyLogo
ZET-MOBILE

ООО «ТАКОМ» - национальный оператор мобильной связи, работающий под торговой маркой ZET - Mobile, предлагающий своим клиентам современные услуги связи, включая мобильную и фиксированную телефонию и интернет, а также инновационные решения для бизнеса и повседневной жизни своих клиентов.

Другие вакансииВсе вакансииarrow-right-red