Мутахассиси масъулиятшинос ва мақсаднок бо таҷрибаи корӣ дар соҳаи бонкдорӣ. Дорои малакаҳои амалӣ дар самти қарздиҳӣ, таҳлили дархостҳои қарзӣ, ҷалб ва хизматрасонии мизоҷон мебошам. Таҷрибаи кор бо қарзҳои батаъхирафтода, омода намудани ҳуҷҷатҳои қарзӣ ва арзёбии қобилияти пардохтпазирии мизоҷонро дорам. Зудомӯз буда, дар гурӯҳ хуб фаъолият мекунам ва бо мизоҷон муносибати самаранок барқарор карда метавонам. Ба рушди касбӣ ва ба даст овардани натиҷаҳои баланд дар соҳаи молия ва бонкдорӣ равона шудаам.