Full-time
Мутахассис оид ба Хизматрасонии Мизоҷон дар Саридораи ҶДММ ТАҚҲ "ФИНКА"
views76 views
responses0 responses
Salary:By agreement
19.08.2026
CompanyLogo
ООО МДО "ФИНКА"
Dushanbe
starRed0

About the vacancy

Expires at28.11.2026
ID #531

Required skills

Description

Уҳдадориҳои асосӣ:

  • Машваратдиҳӣ ва мушаххасгардонии мизоҷони имконпазир ва мизоҷони фаъол, амонатгузорон ва қабулкунандагон/интиқолдиҳандагони маблағҳо.
  • Мусоидат ба мизоҷони имконпазир ва мизоҷони фаъол дар пуркунии варақаҳои зарурӣ барои анҷомдиҳии амалиётҳо вобаста ба қарзгирӣ, амонатҳо ва интиқоли маблағҳо.
  • Чоп кардани кулли ҳуҷҷатҳое, ки барои амалисозии фаъолият оид ба қарзҳо, амонатҳо ва интиқоли маблағҳо зарур мебошанд.
  • Воридсозии маълумоти зарурӣ ба ҳисоботҳои FORS ва таъминоти барномавии низоми интиқоли маблағҳо.
  • Гирд овардани ҳуҷҷатҳои зарурии қарзгирони имконпазир ва қарзгирони фаъол барои анҷомдиҳии амалиётҳо вобаста ба қарзҳо, амонатҳо ва интиқоли маблағҳо.
  • Огоҳонидани қарзгирон дар бораи қарор аз рӯйи дархостҳо.
  • Нусхабардорӣ ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба Шуъбаи Андеррайтинг ва протсесесинги Саридораи ФТАҚХ.
  • Гузаронидани расмиёти ифтитоҳӣ (инаугуратсия) ҳангоми додани қарз ва кушодани суратҳисоби амонатӣ.
  • Санҷиш ва таъмини мутобиқати маълумотҳои шиносномавии мизоҷон бо маълумотҳои Таъминоти барномавӣ ва низоми Интиқоли маблағҳо.
  • Ташаккулдиҳӣ ва нигоҳдории парвандаҳои қарзӣ ва амонатии мизоҷон, инчунин ҷузвадони мизоҷ оид ба интиқоли маблағҳо.

Талабот нисбати номзадон:

  • Таҳсилоти олӣ / миёнаи махсус;
  • Таҷрибаи на камтар аз 6-моҳа дар соҳаи маблағгузории хурд;
  • Дониш оид ба маҳсулотҳои қарзӣ ва амонатӣ;
  • Таҷрибаи корӣ дар НАБ Flexcube;
  • Донишу малакаҳои кор бо компютер (Word, Excel, Internet, Outlook);
  • Салоҳияту кордонӣ, покизакорӣ ва бодиққатӣ нисбати ҷузъиёт;

Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ

Шароитҳои кор ва музди меҳнат дар алоҳидагӣ муҳокима карда мешаванд. Танҳо номзадҳое, ки ба талабот ҷавобгӯянд, барои мусоҳиба даъват карда мешаванд.

Лутфан дархостҳои худро (резюме бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ё англисӣ) то 31 августи соли 2026 ба суроғаи ш.Душанбе, кӯч. Ҷаббор Расулов 9, маркази хизматрасонии "Сайёр" идораи ТАҚХ “ФИНКА” ё ба суроғаи электронӣ: hr@finca.tj ирсол намоед (дар сатри мавзӯи мактуб вазифаи эълоншударо нишон диҳед), телефон барои маълумот (+992) (44) 6002323

Ташаккур барои таваҷҷўҳ ба Ташкилоти мо!

More about the company

CompanyLogo
ООО МДО "ФИНКА"

ООО МДО ФИНКА предоставляет микро-кредиты и финансовые услуги предпринимателям малого бизнеса в 26 регионах Республики Таджикистан и планирует активное расширение деятельности и регионального присутствия, а также внедрение новых банковских продуктов. ООО МДО ФИНКА является членом международной сети FINCA Impact Finance (г. Вашингтон, округ Колумбия, США), в которую входят 14 микро-финансовых учреждений и банков, расположенных по всему миру.

Other vacanciesAll vacanciesarrow-right-red