Ман 18 сола ҳастам. Мактаби миёнаро хатм кардаам ва ҳоло дар ҷустуҷӯи кор мебошам. Масъулиятшинос, меҳнатдӯст ва зудомӯз ҳастам. Омодаам малакаҳои навро омӯзам ва вазифаҳои ба ман супурдашударо бо сифати баланд иҷро намоям.
Ба вазифаҳои гуногун, аз ҷумла бастабандкунанда (упаковщик), хазинадор (кассир), фурӯшанда-мушовир ва дигар корҳои шабеҳ таваҷҷӯҳ дорам. Омодаам дар гурӯҳ кор кунам ва таҷрибаи корӣ пайдо намоям.